21 декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид. Ин намоишҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Намоишҳо то 31 декабр дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи «Куруши Кабир» бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.
Ин намоишҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд.
