26 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Вазорати фарҳанг нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи телевизион ва радио соати 09:00 доир мегардад.
Дар Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ соати 11:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ соати 08:00 доир мегарданд.
