28 январи соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода бо сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин, раванди татбиқи санаду барномаҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
