РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе намоиши операи «Иоланта» ба саҳна гузошта мешавад

Рӯзи 25 феврал, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши операи «Иоланта» — охирин асари бастакори машҳур Пётр Илич Чайковский ба саҳна гузошта мешавад. Асар, ки ба шодии зиндагӣ ва неруи шифобахши муҳаббат бахшида шудааст, зиёда аз як аср аст дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ маҳбубияти худро нигоҳ медорад. Дар ин бора аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Сюжети опера бар асоси асари драматурги даниягӣ Генрих Хертс эҷод шуда, дар таҳияи коргардон Суҳроб Усмонов бо ороиши ҷолиби саҳнавӣ, либосҳои зебо ва иштироки ҳайати ҳунармандони варзида пешкаши тамошобинон мегардад. Иҷрои хор таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева ва оркестр бо роҳбарии маэстро Анвар Шоймуродов сурат мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram