РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ду филми кӯтоҳи «Тоҷикфилм» дар синамоҷашнвораи байналмилалии «Мартовский КиноКот» иштирок мекунанд

Ду филми кӯтоҳи истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» дар VII-умин Синамоҷашнвораи байналмилалии «Мартовский КиноКот» иштирок менамоянд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Фестивали мазкур яке аз майдонҳои эҷодии байналмилалӣ барои муаррифии филмҳои кӯтоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо иштироки коргардонҳо ва филмсозон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Чорабинӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида, беҳтарин филмҳо дар номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ мешаванд.

Иштироки филмҳои «Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» дар ин фестивал имконияти хубест барои муаррифии синамои миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигар.

Ёдовар мешавем, ки «Тоҷикфилм» пайваста ҷиҳати рушди синамои миллӣ ва иштироки фаъолона дар фестивалҳои байналмилалӣ талош менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram