РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 Ҷой, маоши мансабӣ – 4794,10 сомонӣ;
  2. Сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780,00 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780,00 сомонӣ;
  4. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ;
  5. Мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ;
  6. Сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 5559,65 сомонӣ;
  7. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2780,00 сомонӣ;
  8. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2780,00 сомонӣ;
  9. Мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265,70 сомонӣ;
  10. Муовини сардори раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 Ҷой, маоши мансабӣ – 4794,10 сомонӣ;
  11. Сармутахассиси раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 Ҷой, маоши мансабӣ – 2780,00 сомонӣ;
  12. Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ — 1 Ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ;
  13. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ – 1 Ҷой, маоши мансабӣ –2641,00 сомонӣ;
  14. Мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ – 1 Ҷой, маоши мансабӣ – 2057,20 сомонӣ.

    Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 6 дона акси андозаи 3х4);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

— нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-СИН (суғуртаи иҷтимоии нафақа);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

— маълумотнома (справка- объективка);

-маълумотномаи ҷои истиқомат;

-маълумотнома аз ВКД барои изи ангуштон;

           -маълумотномаи доғи судӣ.

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

          шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),

Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79 суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

         ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram