26 феврал дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм тамоюли мусбат касб намудааст. Таъкид гардид, ки баргузории нишаст бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа барои таҳкими шарикии созанда бо Британияи Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардид.