РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиш баргузор гардид

6 марти соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Дар суханронии табрикӣ роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки имрӯз ба туфайли сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва саҳми муассири бонувон дар рушди устувор ва дастовардҳои беназири Меҳани азизамон, дар ҳама самтҳо, аз ҷумла саҳми онҳо дар низоми хидмати дипломатӣ, дар пешбурди сиёсати хориҷии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ  барҷаста  ва муассир аст.

Зимнан изҳор гардид, ки бонувон дар баробари масъулияти хонадорӣ ва тарбияи фарзандон, ҳамзамон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзида, барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони азиз дар саҳнаи байналмилалӣ рисолати созандагии хешро амалӣ менамоян.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тақрибан 30 дарсади дипломатҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд ва теъдоди умумии кормандони Вазорат аз ҳисоби онҳо беш аз 100 нафар мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram