РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба муносибати  Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, дар чорабинӣ устодон ва олимони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи кишвари иқомат, ба монанди шабакаи телевизион ва радиои ТРТ, оҷонсии “Анадолу”, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими ин давлат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Гӯшаи арзишҳои миллӣ бо намунаҳои нодири сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва осори маънавии ниёгон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба таъриху тамаддуни ғании тоҷикон ҷалб намуд.

Иштирокчиён аз тамошои намоиши  либосҳои миллӣ, бахусус  атласу чакан баҳра бурда, бо суннатҳои дастархони наврӯзии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” шинос шуданд. Пешкаш намудани таомҳои лазизи миллӣ ва шириниҳои суннатӣ ифодагари меҳмоннавозии хоси мардуми Тоҷикистон дар ин ҷашни ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд.

Барномаи фарҳангии фарзандони ҳайати дипломатӣ бо рақсу мусиқии идона табъи ҳозиринро болида намуда, ба маҳфил шукуҳи хосса бахшид. Ин чорабинӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи мероси миллӣ дар кишвари иқомат нақши муҳим гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram