РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд

19 апрел бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон – «Моҳӣ дар шаст» дар доираи кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва дар кинотеатри «Октябр» намоиш дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия  иттилоъ медиҳад, дар нахустнамоиши филм кормандони сафорат, намояндагони мақомоти соҳавии Русия, шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқони соҳаи кинематография, донишҷӯён, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Зимни намоиш тамошобинон аз манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон баҳравар гардида, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони хурдсол ворид шуда, орзую ормон, дарду умед ва эҳсосоти поки ӯро дарк намуданд. Филм бо мазмуни амиқ дар қалби ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ гардидааст. Филм аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки ба суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.

Филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар  давоми моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе ба навор гирифта шудааст. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ намудаанд.

Дар филм роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва манзараҳои баҳори дилфиреби мамлакат, махсусан табиати зебои кӯҳистони водии Зарафшон, мавзеи кӯҳсори Муъминобод ва фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram