20 апрели соли 2026 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва коршиносони соҳаи ҳифз ва муаррифии меъроси таърихию фарҳангӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишварро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун пояи худшиносии миллӣ ва василаи муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш махсусан нақши Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат дар эҳё, ҳифз ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии тоҷикон баланд арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар як қатор ёдгориҳои таърихӣ барқарор ва тармим гардида, ҷашнҳои бузурги миллӣ ва таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил шудаанд. Ҳамзамон, сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ба густариши таҳқиқоти илмӣ, муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва рушди сайёҳии фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.
Иштирокчиён инчунин ба зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар ҳифзи ёдгориҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон, ба арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим мебошад.
Дар анҷоми конфронс ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ миёни аҳолӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.