РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад

Аз 25 апрел то 23 майи соли равон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мегардад. Дар ин хусус

аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  хабар доданд.

Озмун бо ибтикори  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмун дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир мегардад.

Қабули маводҳо то 15 май идома ёфта,  ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳадаф  аз баргузории озмун ин  баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳушёрию зиракии сиёсӣ, коркард ва дар таҷрибаи миллӣ ҷорӣ намудани усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, дарёфт ва ҷалби ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод дар раванди татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram