Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Ассамблеяи парлумонии Осиё баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии талошҳо дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё метавонад ба таҳкими субот, амният ва рушди устувор дар минтақа мусоидат намояд.
Низомиддин Зоҳидӣ аҳамияти рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои обу иқлим ва энергетикаи «сабз»-ро дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё таъкид намуд. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзо, мубодилаи таҷриба ва баргузории чорабиниҳои муштараки байнипарлумониро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории мутақобили судманд дар доираи Ассамблеяи парлумонии Осиё изҳор гардид.
Қобили таъкид аст, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё 44 кишвари аъзо ва 12 мамлакати нозирро дар бар мегирад. Дабирхонаи он дар шаҳри Теҳрон қарор дорад.