РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид

Дар нимсолаи якуми соли 2026 мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 331,4 миллион сомонӣ зарарро ошкор намуд, ки дар натиҷа 449 миллион сомонӣ ба манфиати давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон барқарор карда шуд. Дар ин хусус директори агентӣ Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.


Маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронида, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Ҳамзамон кормандони агентӣ 840 вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, нисбат ба 940 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия парванда оғоз кардаанд.
Сулаймон Султонзода гуфт, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуда, 425 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 504 нафар барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram