2 августи 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури консулӣ Азиз Раҳим ад-Дайҳонӣ дидору гуфтугӯ кард. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ таъкид намуданд.