Марҳилаи якуми қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт, ки то охири моҳи феврали соли 2027 идома меёбад. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барнома барои тамоми зинаҳои таҳсилот — бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ эълон шудааст.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
— Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн
— Маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ (ИЦ ВКД)
— Маълумотномаи тиббии шакли 038 (086)
— Маълумотномаи наркологӣ
— Маълумотнома оид ба ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ)
— Тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор
— Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом)
— Расид аз «Амонатбонк» — 120 (яксаду бист) сомонӣ
— Сертификати донистани забони хориҷӣ (IELTS, TOEFL, DUOLINGUO, GOETHE, H&C)
— 1 дона расм, андозаи 3×4 см
Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат намоянд ё бо телефони 223-23-59 занг зананд.