Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14 ва 15 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ рӯзҳои 14 ва 15 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ растаю хаймаҳои вилояти Суғд ташкил гардида, барои сокинону меҳмонони пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва озуқаворӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ пешкаш мешавад.
Ҳамчунин, 15 августи соли 2026, дар Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи консертии ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардида, беҳтарин намунаҳои санъату фарҳанги бостонии Суғд манзури тамошобинон хоҳад шуд.