Дар пайравӣ ба сиёсати забонгустарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муаррифии мероси адабии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода осори Робиаи Балхӣ – нахустин бонуи порсигӯро ба 10 забони тадрисшавандаи донишгоҳ тарҷума ва бо номи «Каронанопадид» ба нашр расониданд.
Тавре аз ин донишгоҳ хабар доданд, тарҷумаи осори Робиаи Балхӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хати ниёгон ва узбекӣ анҷом дода шудааст.
Нашри ин осор дар доираи тадбирҳо марбут ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва бо мақсади муаррифии осори ин шоири маъруфи адабиёти тоҷику форс ба хонандагони давлатҳои гуногун таҳия гардидааст. Китоб барои густариши шинохти адабиёти классикии тоҷик ва муаррифии ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар таърихи адабиёти форсӣ дар фазои байналмилалӣ замина фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабию фарҳангии миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. 1050-солагии Робиаи Балхӣ низ ба Феҳристи бузургдоштҳои байналмилалии ЮНЕСКО барои солҳои 2026–2027 ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода давоми панҷ соли охир ба тарҷума ва нашри осори мондагори бузургони миллати тоҷик ба забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд.
Аз ҷумла, китоби арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ба ҳафт забони хориҷӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар айни замон тарҷумаи он ба дигар забонҳои тадрисшавандаи муассисаи таълимӣ идома дорад.
Ин иқдом дар роҳи муаррифии таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ мегардад.