РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Эрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Хирадгон» китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хатти форсӣ (бо нависагардонии Суҳайло Юсуфӣ) ба нашр расонид.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, китоби мазкур, ки ба таври ранга чоп шудааст, шомили ду мақолаи муфассали Пешвои миллат, яке “Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” ва дигаре “Чанд андешаи дигар дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” аст ва аксҳои теъдоде аз падидаҳои мероси тамаддуни ориёиро дар бар мегирад.

Дар китоб масъалаҳои гуногуни таърих ва тамаддуни ориёӣ , арзишҳои фарҳанги ориёӣ, саҳми мардумони ориёӣ дар ихтирои хат ва таълифи осори хаттӣ, робитаҳои мутақобили тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар сарзаминҳои ориёӣ, мақоми дониш ва фарҳанг дар давлатдории ориёиҳо ва масъалаҳои дигари арзишҳои фарҳангии ин мардумон мавриди баррасӣ ва гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Дар охирсухани ношири китоб таъкид шудааст, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тасаллуте, ки бар таърих ва фарҳанги минтақа доранд, тавонистаанд бо забоне шево ва дилнишин хонандаро ба сафаре дар дили таърихи ориёиҳо даъват кунанд. Ин китоб танҳо муруре бар таърих нест, балки даъвате аст ба тафаккур дар бораи ҳувият, фарҳанг ва мероси муштараки мо”.

Хонандаи эронӣ бо хондании ин китоб аз ҳадафҳоии бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар замони Истиқлоли Тоҷикистон ва саҳми мардуми тамаддунсоз ва фарҳангофарини тоҷик дар ташаккули арзишҳои муштараки маънавӣ, илмӣ ва таърихии ориёӣ огоҳ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram