РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд

9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ — 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

“Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 — 2036”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид”, — изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки иқдоми мазкур саҳми кишвари соҳибистиқлоли мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва албатта, мояи ифтихори мардуми он мебошад, ки ҳамагӣ чанд даҳсола қабл аз ин ҷанги даҳшатноки таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд.

Дар робита ба бунёди иншооти муҳташами Варзишгоҳи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон — ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем.

Гуфта шуд, ки ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он — шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва кулли мардуми ободгари кишвар барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид.

Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат — асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” — қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ.

Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид.

Ҳунармандон, устодони санъат ва сарояндаҳои шинохта Рустам Дуллоев, Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, Давлат ва Соҳиб Назрӣ, Комилҷон Зарипов, Тоҷиддин Раҳимзода, Гуласал Пӯлодова, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, Лоиқ Холов, Шоҳин ва Ҷаннатулло Абдуллоевҳо, Ситораи Кароматулло, Абдулхайр Муминов, ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳайётҷон Ҳамрохонов ва Манижа Назарова, Ҳикматулло Анваров, ҳунарпешагони Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Миҷгона Иброҳимова, Ясмина Алидодова, Мадина Ақназарова, Дилноза Каримова, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Фаррух Ҳасанзода ва хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо оҳанги композиторони шинохта ба меҳмонони чорабинии фарҳангӣ сурудҳои дилнишин пешкаш намуданд.

Дар фазои идонаи Варзишгоҳи миллӣ оҳангҳои композиторони шинохта Далер Тиллоев, Файзалӣ Умар, Назира Ҳамдамова, Фарҳод Зикир, Сулаймон Юдаков, Носир Сафарзода, Тобиш Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Фурқат Саидзода, Шавкат Умаров, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло Ҳошимов, Олимҷон Солизода, Искандар Тоҳиров, Зафар Раҳимӣ, Абдулхайр Муминов, Муборакшо Ҷумаев, Убайдулло Иброҳимзода, Насим Раҷабов, Ёқуб Абдуллоев, Муҳаммад Ҷӯраев, Бахтиёр Ҳаитов ва Зайниддин Каримов садо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram