РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони сирки Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд

Аз 10 то 13 сентябри соли 2026 дар Сирки Никулини шаҳри Маскав, воқеъ дар хиёбони Цветной, Фестивали чоруми байналмилалии «Ҳунарманд» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивали мазкур ҳунаромӯзони студияи сирки назди Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» бо барномаи гимнастикаи ҳавоӣ дар лангар (якор) иштирок намуданд. Рашидбекова Самина ва Салимзода Омина таҳти роҳбарии мураббӣ Мастона Собирова бо маҳорати баланди касбӣ баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ин дастоварди ҳунармандони ҷавон дар арсаи байналмилалӣ нишонаи рушди маҳорати касбии насли наврас ва муаррифгари шоистаи санъати сирки Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram