РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» баргузор шуд

14 сентябри соли 2026 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Корея — Осиёи Марказӣ C5+1», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин борпа аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷумҳурии Корея ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон — ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ташаккули занҷирҳои устувори таъминот ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо самтҳои зерини афзалиятноки ҳамкориро муайян намуданд:

• рушди гардиши савдо, бунёди паркҳои саноатӣ ва рушди инфрасохтори муосир;

• густариши ҳамкорӣ дар самти маъданҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла литий ва унсурҳои нодири заминӣ;

• ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, рақамикунонии истеҳсолот ва омодасозии мутахассисони ҷавони техникӣ.

Иштирокчиён изҳори омодагӣ карданд, ки иқтидори захиравии кишварҳои Осиёи Марказиро бо технологияҳои муосир ва таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли мавод ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ҳамоҳанг созанд.

Интизор меравад, ки қолаби нави «C5+1» ба минбари доимӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди робитаҳои

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram