Рӯзҳои 24 – 27 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа иштироки Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии зиёда аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, кишварҳои Қатар, Бангладеш. Индозеия, Кипр, Покистон. Туркия, Салтанати Умон, Хитой, Эрон. Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Россия дар назар аст.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2026–2027 раёсати Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда дорад. Аз ин лиҳоз, баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи мазкур дар шаҳри Душанбе яке аз чорабиниҳои муҳимми давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи доимӣ имконият фароҳам меорад, ки кишвари мо дар пешбурди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Кумита, наздик намудани мавқеи парламентҳои кишварҳои аъзо ва таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ саҳми фаъол гузорад.
Баргузории ҷаласа дар кишварамон идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё буда, ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории кишварҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Ассамблеяи парламентии Осиё (АПО) яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳамкории байнипарламентӣ дар қитъаи Осиё буда, парламентҳои кишварҳои аъзоро барои рушди муколама, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои дорои аҳаммияти муштарак муттаҳид менамояд. Фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ миёни кишварҳои аъзо равона гардидааст.
Дар доираи Ассамблея ҷаласаҳои пленарӣ, кумитаҳои доимӣ ва дигар чорабиниҳои байнипарламентӣ баргузор гардида, масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблея иштироки фаъол дошта, дипломатияи парламентиро яке аз воситаҳои муассири таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиё арзёбӣ менамояд.
Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз сохторҳои калидии Ассамблея буда, доираи васеи масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои Осиёро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Фаъолияти Кумита масъалаҳои ҳифзи гуногунрангӣ ва мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию фарҳангиро фаро мегирад.
Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2026–2027 тақвияти ҳамкории байнипарламентӣ дар самтҳои мазкур, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти Кумита ба ҳисоб мераванд. Баргузории ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи доимӣ имконият фароҳам меорад, ки нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамкории созанда миёни кишварҳои Осиё боз ҳам тақвият дода шавад.
Басо рамзист, ки соли 2026 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардида, интихоби пойтахти мамлакат ҳамчун макони баргузории ҳамоиши бонуфуз далели возеҳи эътирофи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурандешонаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои Осиё мебошад. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ташрифотӣ баргузор намудани чорабинии байналмилалии болозикр дорои аҳаммияти махсуси давлатӣ низ мебошад.