Дар ҳошияи Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург «Фарҳангҳои муттаҳид» мулоқоти муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён О.О бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Андрей Владимирович Малышев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории фарҳангии ду кишвар, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи фарҳанг ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.