29 сентябри соли 2026 дар шаҳри Кишинёв машваратҳои консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Корина Кэлугэру баргузор гардиданд.
Дар рафти машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории консулӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар, таҳкими ҳамкории байни сохторҳои консулӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи мунтазам, таҳкими ҳамкории консулӣ ва татбиқи натиҷаҳои бадастомада таъкид намуданд.