РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд

1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил комёбӣ орзу намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми солҳои гузашта, Шуро худро ҳамчун майдони соҳавӣ барои ҳамкории байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷинояткорӣ муаррифӣ кардааст.

“Шуро имрӯз ҳамчун механизми муҳими ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки мақомоти корҳои дохилии кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими субот дар ҷомеа нақши калидӣ дорад”, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир водор месозад, ки чораҳои амниятӣ минбаъд тақвият ва ҳамкории байналмилалӣ густариш ёбад.

Таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ, бахусус шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он, муҳим шумурда шуд.

Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, қочоқи инсон ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ самти асосии фаъолияти сохторҳои марбута дониста шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нави коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор, ки боиси нигаронии хос дар паҳн кардани идеологияи радикалӣ мегардад, андешаронӣ намуданд.

Дар ин зимн баланд бардоштани фаврияти мубодилаи иттилоот ва таъмини вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои фаромиллӣ зарур дониста шуд.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мубрами ҳамкории сохторҳои корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram