РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат, бо таманниёти сиҳатмандиву некрӯзӣ ва комгорӣ дар фаъолияти давлатӣ Президенти Русияро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.

Ҳамзамон, Сарвари давлати мо саҳми шахсии назарраси муҳтарам Владимир Путинро дар пешбурди раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии  ду кишвар бахусус таъкид карданд.

Сарони ду давлат дар идомаи суҳбати дӯстона изҳори итмонон намуданд, ки ин раванд минбаъд ҳам ба нафъи мардумони кишварҳои мо идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram