7 октябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон иштирок кард. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия, инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин перомуни рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро мувофиқа намуданд.