Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди даврӣ, такмили заминаҳои қонунгузорӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва густариши ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи барномаи Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ иштирокчиёни чорабинӣ аз бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Иштирокчиён бо муҳити кории вакилони Маҷлиси намояндагон шинос шуда, оид ба таҷрибаи қонунгузории Тоҷикистон ва имконияти густариши ҳамкории байнипарлумонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ин дар таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши муколамаи минтақавӣ ва табодули таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди иқтисоди даврӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.