РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

16 октябр дар шаҳри Нанкини Чин байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишномаро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва президенти Ассосиатсия умумичинии журналистон Хэ Пин имзо намуданд.

Созишнома аз панҷ модда иборат мебошад. Тибқи ин санад, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи умумичинии журналистон тасмим гирифтаанд, ки ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро дар самти воситаҳои ахбори омма тақвият бахшанд.

Инчунин дар асоси ин санад, ташкили боздидҳои мутақобилаи намояндагони расонаҳои хабарӣ, баргузории ҳамоишҳои журналистӣ, даврҳои такмили ихтисоси журналистон ва омӯзгорони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, таҷрибаомӯзии намояндагони расонаҳо, мулоқотҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон Созишномаи ҳамкорӣ дар таъсис ва рушди муштараки механизми «Хонаи журналистони Тоҷикистону Чин» мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Син Ҷинпин робитаҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар соҳаҳои гуногун тақвият меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram