27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхона дорои се хатти технологӣ буда, дар ду хатти аввал оби нӯшокию дигар нушобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосири каммасрафи неруи барқ мебошанд.
Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии ду хатти аввал дар як шабонарӯз 400 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обу нушобаҳо дар зарфҳои ҳаҷмашон аз 500 миллилитр то 10 литр истеҳсол шуда, бо тамғаи Шаҳдобя ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.
Маҳсулоти корхона бо таъму накҳати гуногун аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои хушбӯй истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин ҷо наздик ба 50 навъи нушобаҳо истеҳсол гардида, бо таъму сифати муносиб ба истеъмолкунандагон пешниҳод мегардад.
Сифат ва бехатарии маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Ин раванд бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ сурат мегирад.
Хатти сеюми технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот дар 15 навъу номгӯй бо тамғаи Шириниҳои Шукрона истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда мешавад.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Шаҳдоб барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба сокинони маҳаллӣ низ замина гузоштааст. Дар ин ҷо 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ дар болои биноҳои истеҳсолӣ панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори лоиҳавии низоми мазкур 150 киловаттро ташкил дода, имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ то 10 дарсад коҳиш дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкор Фатҳулло Соҳибовро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо ба зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи нақшаҳои соҳибкор Фатҳулло Соҳибов, дар шафати корхонаи мавҷуда сохтмони иншооти нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи нав дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ба истифода додани иншоот ҳудуди 120 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулотро ташкил дода, муҳлати пешбинишудаи сохтмони он 1 сол мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, иншоотро сари вақт мавриди истифода қарор диҳанд.