РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Париж дар доираи чорабиниҳо бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём барномаи консертӣ доир гардид

25 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм, хонум Денис Пирес де Карвалиё суханронӣ намуданд.

Дар барномаи консертӣ ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон, навозандагони Оркестри давлатии симфонӣ, сарояндагон ва гурӯҳҳои рақсии миллӣ ҳунари худро манзури меҳмонон намуда, намунаҳои барҷастаи мусиқии классикӣ, анъанавӣ ва санъати миллии тоҷикро муаррифӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram