РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Роштқалъа бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид

Субҳи имрӯз, 30 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа рафта, бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз наздик шинос шуд. Сарвазири мамлакат ба роҳбарони вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки дар навбати аввал барои хонаводаҳои зарардида шароити лозимӣ фароҳам оваранд ва то фарорасии рӯзҳои сард онҳоро бо манзили зист таъмин намоянд. Ҳамчунин талош намоянд, ки маҷрои дарёи Шохдара ҳарчӣ зудтар кушода шавад, то дар оянда барои сокинони поёноб ягон хатар эҷод накунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Чанд рӯз аст, ки дар деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа бар асари баланд шудани ҳарорат ҳаво ва об шудани пирях сел ҷорӣ шуда, ҷараёни дарёи Шоҳдараро баст ва мисли сели Барсеми ноҳияи Шуғнон як ҳавзи сунъиро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа роҳи мошингард дар масофаи 2,5 километр ва чанд манзили истиқоматӣ низ зери об монд. Баланд гардидани сатҳи оби ин ҳавзи сунъӣ акнун ба 32 хонаи истиқоматии гирду атрофи он низ таҳдид мекунад. Бинобар ин дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин 32 хонавода ба макони бехатар кӯчонида шуданд.

Корманди масъули Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон Шӯҳрат Шоисматов гуфт, ки 29 ва 30 июни соли равон дар пайи ҷорӣ шудани сели такрорӣ боз 8 манзили сокинони деҳа ва муасисаи таълимиву дигар иншооти маишӣ хисорти ҷиддӣ диданд. Дар маҷмӯъ, шумораи хонаҳои зарардида то 14 адад расида, 12 манзили истиқомати пурра аз байн рафта, ду хона қисман зарар дидаанд.

Намояндагони Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар аъзои ситоди доимоамалкунанда ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ дар маҳали ҳодиса қарор доранд. Ба ин ҷо боз гурӯҳи иловагӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор фиристонда шуд, ки ҳоло роҳи эҳтиётии мошинагард ба самти деҳоти болообро бунёд мекунанд.

Бояд гуфт, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ сокинони деҳаи осебдида зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 32 оилаи зери хатар буда, ба истироҳатгоҳи маркази ноҳияи Роштқалъа кӯч дода шуданд. Барои муҳоҷирони экологӣ тамоми шароити маишӣ фароҳам оварда шуд. Онҳо бо либоси гарм, ҷиҳози зарурӣ ва се вақт хўрок таъмин ҳастанд.

Намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят гуфт, ки дар паи ин офати табиӣ ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашуд. Дар зудтарин фурсат хисороти расидаи молию иқтисодӣ бартараф карда мешавад.

Ҳоло сокинони деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа бо се вақт хўроки гарм ва шароти хуби зист таъмин буда, ҳар яки онҳо ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои беназир миннатдории самимӣ баён менамоянд.

Айни замон бо истифода аз тамоми имкониятҳо бартарафкунии оқиабтҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram