РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон хати оби полезиро ба истифода доданд ва бо нашъунамои картошка шинос шуданд

5 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шуданд.

Набудани оби полезӣ дар баъзе аз қисматҳои ин мавзеъ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.

Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ ва насби насосҳои махсуси обкашӣ 15 гектар замини корами мавзеи Хуррамдара обёрӣ шуд.

Оби полезӣ ба ин мавзеъ аз масофаи қариб як километр бо қубури қутраш 110 миллиметра оварда шуда, барои захира ва таъмини доимии он ҳавзи махсус бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Нур” ва суҳбати самимӣ бо деҳқонону масъулони соҳа таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина кишоварзону деҳқонон бояд аз боду ҳаво ва имконияти мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд, то сол аз сол ҳосилнокии маҳсулот дар заминҳои корам афзоиш ёбад.

Дар маҷмуъ бо кашидани оби полезӣ дар ин мавзеъ аввалин маротиба дар майдони 8 гектар замин тухмии 3 навъи картошкаи маҳаллӣ кишт карда шуд, ки мувофиқи хулосаи олимони соҳаи кишоварзӣ имруз нашъунамои он хуб мебошад. Ҳосилнокии ин намуди картошка ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар аз 280 то 390 сентнер мебошад.

Имсол хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, ки аз ҳисоби заминҳои картошка зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулот ҳосил ба даст оранд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти истеҳсолӣ ва дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардид.

Имсол кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар заминаи истифодаи самараноки замин, нигоҳубини хуби боғу токзор ва васеъ намудани майдони кишти ғалладонагӣ ва сабзавот ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Тавре таъкид гардид, боду ҳаво ва табиати нотакрори ноҳияи Шаҳристон барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳифз ва коркарди гиёҳҳои шифобахши худруй, рушди соҳаи чорводорӣ ва дигар бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ мусоид буда, хоҷагидорон барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Соли гузашта ҳоҷагидорони асалпарвари ноҳия ба миқдорӣ 32 тонна асал истеҳсол намуданд ва имсол дар заминаи ташкили хоҷагиҳои нав истеҳсоли асал нисбат ба соли гузашта боз ҳам афзоиш меёбад.

Дар ин ҷо асосан маҳсулоти нонӣ, асал, меваю сабзавот, шир ва маҳсулоти ширӣ, беш аз 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда, инчунин чорвои хурду калон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ноҳияи Шаҳристон тадриҷан ба рушди ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Натиҷа ҳамин аст, ки хоҷагидорон ҳосили баланди меваю сабзавотро ба даст оварда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат содирот менамоянд.

Имсол дар маҷмуъ дар ҳудуди ноҳия 52 гектар боғи нав бунёд карда шуд ва ин раванд дар солҳои оянда низ идома дода мешавад.

Дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ бо гушту шир саршумори чорво афзоиш дода мешавад. Тибқи маълумот ҳоло дар ноҳия 853 сар асп, наздики 23 ҳазор чорвои калон, 79 ҳазор чорвои майда ва 35 сар қӯтос нигоҳубин мешавад.

Дар шароити ноҳияи Шаҳристон, ки дорои боду ҳавои мусоиду обҳои мусаффо мебошад зиёд намудани саршумори қӯтос ва афзоиши зотҳои нави он ба манфиат буда, солҳои охир дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram