Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 07.07.2023 дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар” намоиш ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи давлатӣ ва марказии кинои Федератсияи Россия наздики 50 адад аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи “Тоҷикфилм” ба тамошо бароварда шудаанд.
Маврид ба зикр мебошад, ки киностудияи “Тоҷикфилм” дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо офаридани киноҳои таърихӣ аз ҳаёти мардуми тоҷик ба монанди “Дохунда”, «Ҳасани аробакаш», “Зумрад”, “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва амсоли инҳо мақоми намоёнро сазовор гаштааст.
Кинои тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ, симои халқро инъикос намуда, фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихиро ба наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштааст.