Субҳи 7 июли соли 2023 дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пианинанавози машҳур, Ҳунарманди халқии Россия Денис Матсуев ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Меҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо шаҳомати хоса истиқбол гирифт.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ консерти пианинанавози машҳур, Ҳунарманди халқии Россия Денис Матсуев баргузор мегардад.