14 июли соли 2023 дар Чойхонаи ба номи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳия ва дигар масъулин Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2023» доир гардид. Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории фестивал – озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
Ҳунармандони ноҳия дар фестивал озмун аз рӯи 12 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён аккопела (бе сози мусиқӣ) дар доираи мавзӯъҳои васфи Ватан, сулҳу суботи кишвар, инъикоси меҳнати бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон, намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан, навозиши якка бо сози нодири миллӣ (қонун, сато, қушнай, меҳтар, уд, арфа), бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ: шашмақом, фалак, гуруғлӣ, мадҳияхонӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог дар мавзӯи доғи рӯз, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамон намуданд.
Дар фарҷом намояндаҳои вилоятӣ баромад намуда, ба иштирокдорони фестивали мазкур баҳои баланд доданд.