РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад

18 июли соли 2023 дар доираи нақшаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии иншооти гуногун идома дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Лоиҳаи оғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ “Кохи сафед”-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии таълим ва истироҳати шаҳр дар масоҳати наздик 3 га бунёд карда хоҳад шуд.

Корҳои сохтмонӣ айни замон оғоз ёфта, ҷиҳати тахту ҳамворкунии ҳудуди боғ тақрибан 3000 метри куби хок ва қуму шағал рехта шудааст. Тибқи лоиҳа дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр низ идома дорад.

Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг борои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида, айни ҳол корҳои гаҷкорӣ, пардоз ва рангубори бино ба иҷро расида истодааст.

Раиси шаҳр пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи унсурҳои санъати меъмории миллӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳудуди иншооти бунёдшаванда ба масъулин супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram