РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба 30-солагии муносибатҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО мизи гирд доир шуд

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии муносибатҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҳти уновни «Тоҷикистон ва ЮНЕСКО: вазъият, дастовард, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳо»мизи гирд доир шуд. Дар кор он роҳбарияти вазорат, меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихии худ, ба марҳилаи нави рушд ворид гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500 –сола эътироф гардид.

 Аз ҷумлаи созмонҳои бонуфузтарини дунё Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад, ки Тоҷикистон ҳанӯз 6 апрели соли 1993 ба узвияти ин созмони бонуфуз пайваст. Лозим ба зикр аст, ки дар ҳамон сол Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд. Комиссияи миллӣ барои татбиқи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО саҳми бориз дошта, ҳамчун ҳамоҳангсоз фаъолият менамояд.

 Аз замони аъзо шудан ба Созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобиланд судманд дар самтҳои фарҳанг, илм, маориф, гуманитарӣ вусъат ёфта, ҷанбаҳои самараноку созандаро фаро гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳо бо созмони мазкур диққати хосса зоҳир менамояд. Мисоли равшани он иштироки Роҳбарияти олии кишвар ба хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс ва семинарҳои сатҳи байналмилалии ин ниҳод мебошад. Инчунин ташрифи роҳбарияти Созмон ва намояндагиҳои созмон ба Тоҷикистон аз нишонаҳои таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 Вазъияти кунунии муносибат ва ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО. Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО дар ду самти асосӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангиро ба роҳ мондааст:

Дар самти “Мероси фарҳангии ғайримоддӣ”;

Дар самти “Мероси фарҳангии моддӣ”;

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ — анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавии вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо мебошад. Намунаи олии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудааст инҳо мебошанд: “Чакан”, “Оши палов”, “Шашмақом”, “Рубоб”, “Наврӯз”, “Фалак” ва ғайра. [3, C.29,30,37,141,258]

Мероси фарҳангии моддӣ – арзишҳои фарҳангие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Дар феҳристи мазкур объектҳои таърихию фарҳангӣ,  дар шакли қалъаҳо, димнаҳо, шаҳрҳо, петроглифҳо (тасвирҳои рӯйисангӣ), корезҳо, дайру маъбадҳо ва қабристонҳо зикр гардидаанд.

Тибқи талаботи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) барои ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ бояд парвандаҳои номинатсионӣ омода карда шаванд. Дар парвандаҳои номинатсионии мазкур тамоми талаботҳои ЮНЕСКО ба инобат гирифта мешаванд. Парвандаи номинатсионии мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ ин бастаи ҳуҷҷатҳое мебошад, ки дар он маълумоти дақиқ оид ба мероси таърихӣ ва фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии пешниҳодшаванда мебошад. Масалан дар парвандаи номинатсионӣ маълумотнома оид ба макони аниқи ҷойгиршавии объектҳои таърихӣ, ё минтақаҳои муайяне, ки дар он мероси фарҳанги ғайримоддӣ роиҷ аст, инчунин дигар хусусиятҳои мероси фарҳангӣ мушаххасан дар он дарҷ карда мешавад. 

Аз ин хотир то имрӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор парвандаҳои номинатсионии мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддиро таҳия намуда, ба Дафтари минтақавӣ ЮНЕСКО барои мувофиқа ва ворид намудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ пешниҳод карда шудааст. Бояд қайд намуд ки Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёси Миёна дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир мебошад. Тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳои номинатсионӣ таҳиягардида аввалан ба дафтари минтақавӣ ирсол карда мешавад ва аз онҷо ба дафтари асосии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса барои баррасӣ ва тасдиқ фиристонда мешавад. Тавре дар боло зикр намудем Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ҳанӯз соли 1946 таъсис ёфтааст ва бо идораву филиалҳои худ дар ақсои олам амал менамуд, вале барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муясар шуд, ки ба ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ бипайвандад ва тавассути он кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари соҳибмаърифату соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсоз нишон диҳад.

Дастовардҳои Тоҷикистон баъди шомил шудан ба аъзогии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO). Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмони мазкур то имрӯз ба дастовардҳои зиёди умумиллию умумиҷаҳонӣ ноил гаштааст.

Дар самти мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз замони аъзо шудан то ин ҷониб ЮНЕСКО дар чорабиниҳои хотирмон, аз қабили рӯйдодҳои таърихӣ, ҷашнвораҳои шахсиятҳои барҷаста, ки аз ҷониби кишварҳои узви созмон ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати аҳамияти ҷаҳонӣ додани он, иштирок меварзад.

Ҷашнвораҳо ин воситаи ҷалби таваҷҷуҳ ба санъаткорон ё рӯйдодҳое, ки ба ғанигардонии мутақобилаи фарҳангҳо, мусоидат дар ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ ва наздикшавии миллатҳо мебошад.

Бо ин роҳ яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ворид намудани санаҳои зерин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад:

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ:

1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абу Абдулло Рӯдакӣ (соли 2009);

100 – солагии шоири миллии замони шуравии тоҷик Мирзо Турсунзода (соли 2009);

100 – солагии бастакори шуравии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (соли 2014);

600 – солагии нависанда, шоири тоҷику форс, файласуф, мусиқашинос, инсондӯст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014);

3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015);

700 – солагии шоир, олим ва файласуфи тоҷику форс Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015);

100 – солагии асосгузори хареографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шуравӣ Ғафор Валаматзода (соли 2016);

1250 – солагии олим, мутафаққири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016);

1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ;

400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018);

5500 солагии шаҳри бостонии Саразм;

700 солагии шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ;

Сазовор донистани ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” ба шаҳри Душанбе (2004) ва ғайра.

Инчунин ҷашнвораҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон;

Ҳамзамон «Фалак», «Шашмақом», «Рубоб», «Чакан», «Оши палов» ва дигарон.

Қобили зикр аст, ки «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» мавҷуд аст, ки дар он тамоми мероси фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик дар шакли зер гирдоварӣ шудааст ва яке аз талаботҳои ЮНЕСКО низ барои ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ҳамин аст, ки унсурҳои фарҳангии ба он пешниҳодшаванда сарааввал бояд дар феҳристҳои миллӣ дохил карда ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад.

Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз бахшҳои зерин иборат мебошад:

Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ – А000 (29 унсур).

Бахши 2. Ҳунарҳои иҷроӣ – B000 (103 унсур).

Бахши 3. Ҷашну маросимҳо – C000 (47 унсур). 

Бахши 4. Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ – D000 (20 унсур).

Бахши 5. Касбу ҳунарҳои мардумӣ – E000 (105 унсур). 

Бахши 6. Хӯрокҳои миллӣ – F000 (147 унсур).

Бахши 7. Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона – G000 (82 унсур).  [3]

Мероси фарҳанги моддӣ

Бояд қайд намуд, ки дар самти мероси фарҳанги моддӣ ЮНЕСКО таваҷҷӯҳи хосса  намуда, то имрӯз кишвари мо дар ин самт ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст.

Тавре дар боло зикр намудем мероси фарҳангии моддӣ, маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи объектҳои ёдгориҳо мебошад, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. [4]

Вобаста ба ин бояд зикр намоем, ки ЮНЕСКО дар назди худ рӯйхат ё худ Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангиро дорад ва дар феҳристи мазкур мероси таърихию фарҳангие ворид карда мешавад, ки он аҳамияти байналмилалӣ дошта бошад. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидан дар се ҳолат ё дар се шакл қарор доранд:

Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд;

Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки дар рӯйхати пешакии ЮНЕСКО қарор доранд;

Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки барои ворид намудан ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО пешниҳод гаштаанду ҳоло дар баррасӣ қарор доранд, яъне ҳамчун номзад барои воридшавӣ ҳастанд;

Ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки ба Феҳристи умумиҷаҳони ЮНЕСКО аллакай ворид карда шудаанд онҳо пурра омода буда, ба талабот ва критерияҳои ЮНЕСКО мувофиқат мекунанд, аз ин ду адад ёдгории таърихию фарҳангии “Шаҳри бостонии Саразм” ва дигар ёдгории табиию фарҳангии “Боғи миллии Тоҷикистон” мебошанд, ки аллакай ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шудаанд.

Шаҳри бостонии Саразм дар вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ҷ/д Саразм, деҳаҳои Соҳибназар, Авазалӣ ва Раҷабалӣ ҷойгир мебошад.

Ёдгории таърихию фарҳангии шаҳри Саразм  дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1, саҳифаи 84 ҷойгир карда, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram