РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» доир мегардад

25-26 июли соли 2023 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахши якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро эълон намуда, бахши якуми онро ташкил ва баргузор намуда истодааст.

Бояд қайд намоем, ки озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи се бахш гузаронида мешавад:

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолият доранд;

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд;

-бахши занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.

Озмун аз рӯи бахшҳо аз моҳи май оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2023 ҷамъбаст, беҳтаринҳо муайян ва қадршиносӣ карда мешаванд.

Дар озмуни мазкур занон-хизматчиёни давлатӣ новобаста аз синну сол тибқи талаботи Низомнома иштирок карда метавонанд.

Талабот ба довталабон:

а) Сифатҳои касбӣ: донишҳои сиёсӣ ва касбӣ; иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (сифатнокии натиҷаи кори хизматчии давлатӣ, дараҷаи интизомнокӣ); донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанг; донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ (электронӣ); татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда; такмили ихтисос; таҷрибаи корӣ (собиқаи меҳнатӣ); қобилияти таҳлилӣ; маҳорати ифодаи фикр;

б) Сифатҳои кордонӣ: идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон (ҳамкорон), маҳорати ташкили кор (қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ); маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; масъулиятшиносӣ, доштани қобилияти идоракунӣ ва роҳбарӣ.

в) Сифатҳои ахлоқӣ: одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон; поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

Довталабон аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:

— навиштани иншо бо забони давлатӣ;

-навиштани диктант бо забони русӣ;

-муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохторӣ/мақомоти давлатӣ ва бартарф намудани камбудиҳо дар самти муайян;

-кор бо технологияи иттилоотӣ;

-саволу ҷавоб.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram