24 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Андре Карстенсро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Нидерландро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини вазир ба сафири Нидерланд барои саҳмаш дар ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.