Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос гардид.
Мусаллам аст, ки имрӯз нисбат ба даҳ соли пеш ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ тадриҷан беҳтар гардидааст. Аз ин хотир дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тӯли чанд соли охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, ба хусус, ҷиҳати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талаботҳо ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар ин замина барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд. Дастур дода шуд, ки бештар сохтмончиён ба корхои сохтмонӣ ҷалб ва сифати корҳо назорат карда шавад. Масъулин вазифадор шуданд, ки сохтмончиёнро бештар ба корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот ҷалб намуда, сифати корҳоро назорат намоянд.
Зимни шиносоӣ дар бинои меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав маълумот дода шуд, ки корҳои пардозгарӣ дар дохили биноҳо идома дорад. Дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои тайёр кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот омода карда шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад. Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард.
Дар ҳудуди фурудгоҳ инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад.
Гуфта шуд, ки ин ҳама корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани санаҳои фархунда ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳаминҷо роҳбари вилоят бо собиқадорон, кормандони фурудгоҳ, ки солҳои зиёд дар он фаъолият намуда истодаанд, суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба собиқадорони арсаи меҳнат ёдовар шуд. Ба чор нафар кормандони фурудгоҳ туҳфаҳои моливу пулӣ аз номи Сарвари давлат тақдим гардид. Собиқадорони меҳнат аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхории навбатӣ хушҳол гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуданд.