Ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон оид ба корҳои эҷодӣ Қурбоналӣ Зоиров хабар додааст.
Аз 26 то 30 июл дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» доир гардид, ки дар он сирки тоҷикро ҳунармандони боистеъдод Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Изатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквлибристика дар номераи Перш муаррифӣ намуда, сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷии ин фестивал гардиданд.
Дар фестивали мазкур ҳунармандон аз 15 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Литва, Эфиопия, Ветнам, Олмон, Венгрия, Италия, Якутия, Испания, Чехия ва Украина иштирок намуданд.
Ҳунармандони тоҷик сазовори ҷоизаи махсуси директори сирки Якутия ва даъватномаи фахрии Фестивали байналмилалии сиркии «Мамонт — 2024», ки соли оянда дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) баргузор мешавад, гардиданд. Инчунин онҳо бо туҳфаҳои хотиравии фестивал қадрдонӣ шуданд.
Директори муассисаи Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар қатори беҳтарин устодони санъати сирки ҷаҳонӣ аъзои фахрии ҳакамони ин фестивал буд.