Қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда-2023” аз 26 июли соли 2023, № 222 ба имзо расид.
Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят, инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд мешавад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;
— Силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ;
— Маводи чопӣ ва интернетӣ
Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи номгӯйи зерин (номинатсия) барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:
Телевизион
Ҷой | Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) | Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ | Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат | Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ |
1. | 6000 сомонӣ | 6000 сомонӣ | 6000 сомонӣ | 6000 сомонӣ |
2. | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ |
3. | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ |
Матбуот
Ҷой | Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) | Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ | Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат | Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ |
1. | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ |
2. | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ |
3. | 1500 сомонӣ | 1500 сомонӣ | 1500 сомонӣ | 1500 сомонӣ |
Радио
Ҷой | Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат) | Масъалаҳои марбут ба рушди деҳоту сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ |
1. | 4000 сомонӣ | 4000 сомонӣ |
2. | 3000 сомонӣ | 3000 сомонӣ |
3. | 1500 сомонӣ | 1500 сомонӣ |
Лавҳаи телевизионӣ ва интернетролик
Ҷой | Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо) |
1. | 5000 сомонӣ |
2. | 4000 сомонӣ |
3. | 3000 сомонӣ |
Беҳтарин нашрияи маҳаллӣ
Ҷой | Нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо |
1. | 4000 сомонӣ |
2. | 3000 сомонӣ |
3. | 2000 сомонӣ |
Беҳтарин наворбардор
Ҷой | Беҳтарин наворбардор миёни телевизионҳои вилоят |
1. | 3000 сомонӣ |
2. | 2000 сомонӣ |
3. | 1000 сомонӣ |