22 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сенатори ИМА, раиси кумитаи амнияти дохилӣ ва умури давлатӣ дар Сенати ИМА Гэри Питерсро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америкаро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.