29 августи соли 2023 маросими ифтитоҳи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистон, онро омили густариши равобит ва ба вуҷуд омадани ҳамкории густурда байни ду кишвари дӯст донист.
Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти Сафорати кишвараш дар Душанбе барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо таъсиргузор хоҳад буд.