РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллӣ чорабинии “Дарҳои боз” баргузор гардид

Айни замон дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии “Дарҳои боз” баргузор гардида истодааст.

Дар саҳни китобхона намоиш – фурӯши китобҳои адабию илмӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди иштирокчиён маросим гардонида шудааст. Дар чорабинӣ мазкур намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону донишмандон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок доранд.

Дар ифтитоҳи кушодашавии “Дарҳои боз” директори КМТ Ҷумахон Файзализода баромад карда, қайд намуд ки китоб беҳтарин дӯст ва манбаи илҳому хирад ва донишу малака аст. Ҳамчунин дар идома мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Масрур Абдуллозода баромад карда, изҳор намуд, ки бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобу китобхонӣ миёни ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст, ки исботи ин гуфтаҳо роҳандозӣ гардидани озмунҳои сатҳи сумҳуриявӣ аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии”Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фӯруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” мебошанд.

Ҳамчунин дар идомаи маросим ба ташкилкунандагони ин маросим Сипоснома ва Ифтихорномаҳои роҳбарияти КМТ супорида шуд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Точикистон”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram