РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳфили навбатии экожурналистон дар НБО “Роғун” доир гардид

Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 31 июли соли 2023 маҳфили навбатии экожурналистон дар НБО “Роғун” -и шаҳри Роғун дар мавзуи “Моҳияти обанборҳо дар рушди иқтисодиёти сабз ва тавлиди энергияи аз нигоҳи экологӣ тоза” баргузор гашт. Дар ин бора аз умитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аъзоёни маҳфили Кумитаи мазкур, ки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ мебошанд, нахуст ба шаҳри Роғун ташриф оварда, онҳоро масъулони НБО “Роғун” хуш истиқбол намуданд. Дар он ҷо пас аз фаҳмондани ҷиҳатҳои бехатарӣ дар мавзеъҳои сохтмонии иншоот ва таъмин намудан бо либосҳои махсус ва кулоҳҳои муҳофизатӣ гурӯҳи экожурналистон бо роҳбаладии масъулони нерӯгоҳ аз иншооти мазкур дидан намуда, аз рафти корҳои сохтмонӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки сафари экожурналистон ба НБО “Роғун” дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Кормандони нерӯгоҳ бо азму иродаи қавӣ ва бозуи Рустамона бо шукргузорӣ аз файзи истиқлоли кишвар саргарми кор буданд.

Воқеан ҳам, Истиқлол ва сулҳу суботи сартосарӣ неъмати бузургест, ки имрӯз дар гӯшаву канори Ватани маҳбубамон, аз ҷумла НБО “Роғун” корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд.

Пас аз шоносоӣ бо корнамоиҳои абармардони ин ҷабҳаи нангу номус дар толори бинои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун машғулияти навбатӣ баргузор гардид. Ба кори машғулият муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Сангов И. оғоз бахшида, сипас, корманди масъули Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Файзуллозода Хайрулло дар мавзуи “Моҳияти обанборҳо дар рушди иқтисодиёти сабз ва тавлиди энергияи аз нигоҳи экологӣ тоза” маълумот дод.

Пас аз шарҳи пурраю ҳаматарафаи мавзуъ оид ба масъалаҳои зикргардида суолу ҷавоб сурат гирифта, аз тарафи баромадкунанда ба саволҳои экожурналистон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram