РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қадрдонии кормандони соҳа бо мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросими мукофотсупорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар шахсонӣ расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳозиринро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба муносибати ҷашни 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда мукофотҳои давлатиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар маҷмуъ 45 нафар кормандони кумита соҳиби мукофоти давлатӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram