РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва олимону мутахассисони соҳа, таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз ДДХ хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 32 — солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Зикр шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад ва бо хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати ободу озод шинохта шудааст.

Сипас, Тоҷибой Султонӣ-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ, 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи муҳиму созандаеро дар роҳи рушди иқтисодиёти давлатӣ, инкишофи расму одатҳои аҷдодӣ ва эҳёи таомулоти миллии мардумамон боз намуда, дар ин замина барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин шароити мусоидеро фароҳам овардааст.

Дар идома Каримзода Мирзоқосим — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, афзуд, ки Истиқлоли миллӣ ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардуми тоҷик аст, ки дар сию ду сол кишвари моро таҳти раҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи музаффариятҳои бузург ҳидоят намуд.

Ҳамчунин Ҳотамҷон Фаттоев – намояндаи Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд маърӯза намуда, зимнан зикр дошт, ки Истиқлол барои кишвари мо марҳилаи тозаи бунёди ҷомеаи навини ба арзишҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона такякунандаро насиб гардонид.

Дар ҷамъбасти конференсия ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом зикр намуд, ки ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти сарнавиштсози ин падидаи муҳими таърихӣ барои боло бурдани руҳияи ватандӯстии ҷавонон, омода кардани кадрҳои огоҳ ва соҳибтахассус тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд.

Барномаи фарҳангии пешкашгардида хотимабахши чорабинии мазкур гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram